(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бонувони ҳунармандонро барои дарёфти Грантҳои Раиси шаҳр ба озмун даъват менамояд.

Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» ба тавсиб расид, ки он аз 40 грант иборат буда, он беш аз 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ин тадбир дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2021, № 167 «Дар бораи таъсис ва ҷудо, намудани грантҳои Раиси вилоят бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат мегирад.

Бояд зикр намуд, ки 40 гранти Раиси шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 таъсис дода шуд, аз ҷумла: -5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ; 10 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 ( се ҳазор) сомонӣ мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд (утоқи 507) муроҷиат намоянд. Тел: 46725.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд