(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида ба 145 солагии сардафтари адаабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ оғоз гардида, то 9 апрел бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа идома меёбад.

Намоиши китобҳои нав, рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр, дастранҷи кӯдакону наврасон таҳти шиору овезаҳо ва панду ҳикмат хирадмандону бузургони сухан дар ситоиши дурдонаи гаронбаҳо ба оғози ҳафтаи Фестивал ҳусни шаҳомати тоза бахшид.

Тавре роҳбарияти Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ иброз доштанд, ҳадафи асосии Фестивал ҷаби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчўбаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ-оммавӣ, адабӣ, бадеӣ, техникӣ, инчунин адабиёти соҳаҳои гуногуни дониш, дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбати масъалаҳои хониши кўдакону наврасон роҳандозӣ када мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Фестивал озмун беҳтарин иншо дар мавзуъи «Тоҷикистон Ватани Наврўз аст», беҳтарин қироати шеър, достон, қасида ва ғазал таҳти унвони «Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст», озмуни «Хонандаи фаъотарин», озмуни «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», озмуни «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд…» сурат мегирад.

Барои муайян намудани ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли фестивал ҳайати ҳакамон таъйин гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад. Адабиёти кӯдакон аз ҷанбаҳои муҳимтаринест, ки ба инсон кумак намуда, таълим медиҳад ва ҷаҳонбинии наврасонро васеътар мекунад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, 2 апрел гузаронидани Рӯзи байналмилалии китоби бачагона ба зодрӯзи нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона Кристиан Андерсени даниягӣ иртибот дорад. Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (International Board on Books for Young People, IBBY) қарор кард, ки маҳз дар зодрӯзи ин нависандаи дӯстдоштаи бачаҳо гузаронидани ин рӯз барояшон хотирмон хоҳад буд. Бо қарори ташкилоти мазкур шуруъ аз соли 1967 ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби бачагонаро бо баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ доир менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» доир мегардад. Ба иттилои мутахассисон, ҳадаф аз баргузории ин сана ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд