(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИдораи Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳаад, ки дар асоси Маълумоти Идораи обуҳавосанҷӣ санаҳои 10-22 –юми январи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд якбора сард шудани ҳаво аз 10 то 13 дараҷа пешгўйӣ шудааст.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади самарабахш ва мунтазам интиқол додани қувваи барқ ба манзили сокинон, аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рўзҳои зикргардида, аз сарфаи беҳудаи барқ ҷилавгирӣ намоянд.

Дарк намоем, ки ҳар як киловат сарфаи барқ аз ҷониби сокинон, ин кафолати интиқоли доимии он ба ҳар як хонадон аст.

Истифодаи беҳудаи барқ ва аз меъёр зиёд боиси рух додани садамаҳои ногаҳонӣ дар рўзҳои сарди номбаршуда аз эҳтимол дур набуда, то бартараф шудани садамаҳо, ҳолати бидуни барқ мондани муштариёнро ба вуҷуд мерад..

Бори дигар, аз тамоми сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд даъват ба амал оварда мешавад, ки фарҳанги истифодаи барқро риоя намуда, барои таъмини муназзами нерўйи барқ дар тамоми хонадон мусоидат намоянд.


Идораи Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»
дар шаҳри Хуҷанд