(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуд.

Тавре, иттилоъ дода шуд дар ин муассиса, ки ҳудуди он беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, ҳудуди КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба тартиб дароварда, дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, зери парвариш ва нигоҳубин қарор доранд.

Фирдавс Шарифзода бо намунаи пиёзаки лолаҳо шинос гардида, ҷиҳати оғозӣ кишти он дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр дастуру супоришҳо дод.

Фирдавс Шарифзода ба роҳбарияти Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ дастур дод, ки ҷиҳати парвариши гулҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои муассиса ва кӯчати онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то оғози фасли баҳор тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки ба буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ дода шавад. Дар зудтарин фурсат гармхонаҳои дигари муассиса ба кор андохта шуда, ба манфиати молии коргоҳ мутобиқ гардонида шавад.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки самаранок истифодабарии замини муассиса ба роҳ монда шавад. Ҳудуди майдонҳо ба тартиб ва номгузорӣ карда шаванд. Ҳамзамон ҷиҳати парвариши дарахтони нодир, ки минбаъд дар кўчаву хиёбонҳои асосии шаҳр шинонида мешаванд, тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гарданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд