(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳамарӯза аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда истодааст.

Бо ин ҳадаф дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Марказ бо роҳбарияти бозорҳо, марказҳои савдо ва соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдор, шириниҳо ва гӯштӣ машғуланд сурат гирифт.

Азаматхўҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки бо баробарии фарорасии Соли нави мелодӣ талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ, гӯштӣ ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гуруҳе аз соҳибкорон бо истифода аз имконият молҳои куҳнаи ба фурӯш нарафтаи хешро ба савдо мемонанд ки ба сиҳатии омма таъсири зиёд мерасонад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкороне, ки дар самт фаъолият доранд, талаб карда шуд, ки сиҳатии оммаро аз манфиати хеш боло донанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд зиёда 50 адад сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол буда, аз миёни онҳо 30 ададашон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғуланд. Дар ин сехҳо беш аз 200 нафар кормандон фаъолият доранд, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд