(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехеникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Муаммоҳои саноатикунонии комплекси агросаноатӣ дар шароити муосир” баргузор гардид.

Конфронсро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни ифтитоҳ намуд.

Маърифат Раҷабова, намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят аз зиёд шудани ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 14,5 миллиард сомонӣ дар вилоят, Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои билогӣ, устоди ДПДТТ дар кишвар фаъолият бурдани 1193 корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, Д. Бобоев, номзади илмҳои кишоварзӣ, директори Стансияи таҷрибавии хокшиносиию мелиоратививии Суғдии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ – Мелиоратсияи хокҳои хокистаранги бӯрии санглохи Тоҷикистони шимолӣ роҳҳои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, Наим Рашидов, доктори илмҳои кишоварзӣ, устоди ДПДТТ ҷиҳати рушди коплекси агросаноатӣ роҳандозӣ шудани 13 барномаҳои давлатӣ ва докторанти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Умедҷон Шарипов аз афзалиятҳои обёрии қатрагӣ нисбати обёри муқаррарӣ маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дар ҷаҳон беш аз 1,5 миллиард гектар замини кишт мавҷуд буда, танҳо 275 миллион гектар обёрӣ мешавад ва аз ин шумор ҳамагӣ 6 миллион гектар тавассути обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин хеле кам аст. Дар ҳоле, ки чунин нави обёрӣ ба буҷаи оила ва кишвар аз ҳисоби сарфа шудани об, нерӯи барқ миллионҳо сомонӣ даромад меорад ва боздеҳи замин низ хуб мешавд. Зеро обёрии қатрагӣ нуриҳои фоидаоварӣ заминро шуста намеравад.

Дар зербахшҳо, ки нимаи дуюми рӯз идома кард, баромадҳои 27 нафар устодони муассисаҳои олӣ, доктарантон ва коршиносони соҳа шунида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд