(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи солеҳони санаи 09.12.2022. бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ ташкил ва тамоми хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд аз назар гузаронида шуда, ба масъулини идораи роҳдорӣ ҷиҳати фавран тоза намудани барфи роҳҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Ба Сарраёсати ободонӣ супориш дода шуд, ки дар ин самт тамоми техникаҳоро сафарбар намуда, ба роҳҳо намаки техникӣ пошида, то оғози кору таҳсили шаҳрвандон барои равуои бемамоният ва беосебашон шароит муҳайё карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд