(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Муассисаи таълимии хусусии Литсейи Рустамови шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи иттиҳодияи методии омўзгорони фанни математика бо мақсади дар амал татбиқ намудани барномаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ, дақиқ дар соҳаи илму маорифдар солҳои 2020-2040» гузаронида шуд.

Сипас аз тарафи омўзгорони фанни математикаи муассисаи таълимии мазкур Мавҷуда Худойдодова дар мавзуъи «Мафҳуми ҷисмҳо» ва Гулбаҳор Шарипова дар мавзуъи «Квадрат ва куби адад» дарси кушоди намунавии шаҳрӣ гузарониданд.

Машғулиятҳои кушод бо иштироки фаъолонаи хонандагон ва бо усули ҷолиби омўзгорон бо истифода аз тахтаи электронӣ, аёнияти таълим ва тестҳои электронӣ роҳандозӣ гардид.

Баъди даарси кушоди намунавӣ чорабинии умумимуассисавӣ таҳти унвони «Шоҳигарии Арифметика» дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар он шоҳ, вазир, деҳқон ва малҳои математика иштирок намуда, доир ба мазмун ва аҳамияти омўзиши фанни математика маъулмотҳои ҷолибро пешниҳод намуданд.

Дар машварат мушовири шуъбаи маорифи шаҳр М. Ҷабборова, роҳбарияти литсейи Рустамов, омўзгорони фанни математикаи муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд