(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маркази шаҳри Хуҷанд, дар майдони Камоли Хуҷандӣ чун анъана бунёди Арчаи солинавӣ оғоз гардид.

Интизор меравад, ки арчаи солинавӣ ба андозаи 20 метр бо паҳноии 9 метр қомат афрохта мешавад ва онро чароғак ва чароғноқили ороишдиҳанда бо фарогирии бозичаҳои гуногун бо дизайни муосир зеб медиҳанд.

Чунин иқдом бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд