(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар доираи эълони солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо корбарии кафедраҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, иқтисодиёти рақамӣ конференсияи сеюми ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода” доир гардид.

Дар конференсия устодони муассисаҳои таҳсилотии олии вилоят, коршиносон, кормандони соҳаи бонк, телеконммуникатсия, ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини директор оид ба илм ва инноватсияи донишкада Усмонҷон Ахмедов оғоз ёфт.
Мавсуф паёми сарвари донишкадаро ба аҳли ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки дар замони ҳозира рақамикунонӣ ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодиро фаро гирифтааст, аз ҷумла зинаҳои таҳсилотро. Дар шароити имрӯза ҳамчун заминаи рушди устувори Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин табодули рақамии он (яъне трансформатсияи рақамӣ) ба ҳисоб меравад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар самтҳои асосии табодули рақамӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст. Чуночи системаи иттилоотии идоракунии донишкада аз давраи ташкили донишкада кор карда омада, дар 5 соли охир боз бештар ташаккул ёфт. Аз соли 2013 дар донишкада системаи интернетии таҳсилоти фосилавӣ сохта шуда, то ҳол мукаммал фаъолият дорад. Инфрасохтори IT – и донишкадаро шабакаи компютерии донишкада бо 1300 компютеру ноотбукҳои ба он бо нахҳои оптикӣ ва Wifi пайваст ташкил мекунад, ки дар он системаи иттилоотии идоракунии донишкада кор мекунад ва дар ин системаи ҳамаи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён интерфейси худро доранд. Ба инфрасохтори IT – и донишкада 134 синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои дорои проектору тахтаҳои электронӣ ҳамроҳ буда, озмоишгоҳҳои виртуалӣ ва онлайн – конференсияҳо истифода мешаванд. Ҳамаи омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон сатҳи ба талаботи ҳозираи раванди таълим кофии саводнокии рақамӣ доранд ва он мунтазам ташаккул ёфта истодааст. Бо дарназардошти истифодаи технологияҳои бо зеҳни сунъӣ вобаста дар зинаи бакалавриат ва магистратура ихтисосҳои ба он марбут кушода шудааст ва докторантон оиди истифодаи имконоти технологияҳо ва алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ дар раванди кории МТОК тадқиқот бурда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар табодули рақамии Донишкада саҳми устодони кафедраҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ хеле калон аст. Маврид ба зикр аст, ки системаи иттилоотии идоракунии Донишкада маҳз бо иштироки бевоситаи устодон ва шогирдони кафедра бе ҷалби мутахассисон аз берун сохта ба истифода дода шудааст, ки он яке аз ситемаҳои уникалӣ ба ҳисоб меравад ва бо зиёда аз 50 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ тасдиқ карда шудааст. Аз тарафи кафедра то ҳол зиёда аз 2500 ҳазор мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ омода карда шудаанд, ки онҳо дар рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми худро гузошта истодаанд.

Аз соли 2012 то инҷониб кормандони кафедра бо ҳамкорӣ бо ташкилоти умумиҷаҳонии MicroSoft, Google, Oracle, SUN, OpenOfficeOrg шартномаҳои дуҷониба ташкил дода, шумораи зиёди таъминоти барномавиро дар соҳаҳои гуногун коркард карданд ва барои истифодабарӣ дар дохили кишвар пешниҳод намудаанд. Дар давоми фаъолият, аз тарафи устодони кафедраҳо зиёда аз 32 китоби дарсӣ (14 номгӯй бо тавсияи Мушовараи Вазорати илм ва маорифи ҶТ) ба чоп расонида шудааст. Инчунин, зиёда аз 146 мақолаҳои илмӣ сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳурӣ дар маҷаллаҳои намоён ба чоп расонида шудааст. Илова бар ин устодони кафедра соҳиби 45 шаҳодатномаи (ҳуқуқи муаллифӣ) маҳсулоти зеҳнӣ мебошанд. Натиҷаҳои корҳои тадқиқотӣ дар истеҳсолот ва раванди таълим ба истифодаи амалӣ дода шудаанд, ки рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки устодон ва шогирдони кафедра дар озмун ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои худ шаъну шарафи донишкадаро боло мебардоранд. Боиси хурсандист, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ки санаҳои 21-25 ноябри соли ҷорӣ баргузор гашт, дастпарвари кафедра Додохонов Мирзомуин дар номинатсияи Технологияи иттилоотӣ ҷойи 2-юмро ишғол намуда, соҳиби мукофоти пулӣ ба маблағи 25 000 сомонӣ гашт.

Сипас номзадҳои илмҳои физика ва математика, дотсентон Хуршед Мақсудов дар мавзӯи “Масъалаҳои таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилот дар соҳаи ТИК барои МТОК”, Хуршед Худойбердиев дар мавзӯи “Академик Зафар Усмонов ва лингвистикаи компютерии тоҷик”, доктор PHD Аҳлиддин Низоматдинов дар мавзӯи “ Нақши ширкати “zypl.ai” дар амалигардонии нақшаҳои Стратегияи миллии “зени сунъӣ” ва Баҳриддинов Б.С. дар мавзӯи “Таҷрибаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаҳои илмӣ намуданд.

Сипас дар бахшҳои “Информатизатсияи забони тоҷикӣ”, “Системашҳои иттилоотии амалӣ”, “Зеҳни сунъӣ”, “Масъалаҳои мубрами ҳамкории МТОК ва истеҳсолот дар омодасозии кадрҳо дар оҳаи ТИК барои МТОК”, “ Проблемаҳои усулҳои таълими технологияҳои иттилоотӣ ва рушди салоҳиятҳои рақамӣ” беш аз 50 мақолаҳои устодон ироа гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд