(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кӯдакистони "Дилоро"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки тарбиятгирандагон бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлоли давлатӣ хушҳолии идона баргузор гардид.

Мураббиёни гуруҳҳо доир ба мафҳум ва дастовради Истиқлолият давоми 31 соли таърих маълумот дода, аз ҷумла зикр доштанд, ки дастовардҳои кишвари маҳбуби мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи мо бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт саъю талош мекунад. Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сию як сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Зикр шуд, ки мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем.

Яъне таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд.

Сипас кӯдакон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб қироат намуда, бо рақсҳои мавзун ва ҳунарнамоии эҷодӣ табъи ҳозиринро болида намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кӯдакистони "Дилоро" парвардаи замони Истиқлол буда, дар ин муассисаи таълимии томактабӣ кӯдакони хушбахти замон бо дастовардҳои навини таълиму тарбия бархӯрдор гардида, якчанд маҳфилҳои забономӯзӣ,ҳунаромӯзӣ ташкил гардида, ҷиҳати рушди ақлонию зеҳнӣ ва равонии кӯдакон тадбирҳои муассир андешида мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд