(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо садо додани Суруди миллӣ дар кӯдакистони №14-и шаҳри Хуҷанд маҳфили идона таҳти унвони “Ҷашни фархундаи истиқлолу озодӣ” бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ оғоз гардид.

Нахуст ба тарбиятгирандагон доир ба мафҳуми Истиқлол, Ватан, муқаддасоти миллӣ, таърихи куҳан ва ибратбахши миллати тоҷик маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар сию як соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандории мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардонидани давлат нерӯ мебахшад.

Муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарварамон моро барои ҳарчи бештар аз худ кардани дастовардҳои ҷаҳони муосир, пешрафти илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам, яъне баробар бо ҷомеаи пешрафта қадам бардоштан ҳидоят ва водор менамояд. Яъне мо ҳар қадар Ватанамонро дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва кӯшиш кунем, ки мисли ниёгони некноми худ ба тамаддуни башарӣ ҳиссаи арзишманди худро гузорем.

Тарбиятгирандагон бо шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд