(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз таҳти чунин унвон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, КИҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва олимону мутахассисони соҳа, конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, профессор Аюб Усмонзода ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Сипас, Зайнура Азимӣ номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ, 31-умин солгарди Истиқлолӣ давлатиро ба самъи ҳозирин расонид. Зикр шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи муҳиму созандаеро дар роҳи рушди иқтисодиёти давлатӣ, инкишофи расму одатҳои аҷдодӣ ва эҳёи таомулоти миллии мардумамон боз намуда, дар ин замина барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду мутамаддин шароити мусоидеро фароҳам овардааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намдуа, иштироокчиёни конференсияро ба муносибати ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Истиқлоли миллӣ ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардуми тоҷик аст, ки дар дарозои сию як сол кишвари моро таҳти раҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи музаффариятҳои бузург ҳидоят намуд. Фирдавс Шарифзода дар фароварди сухан иброз дошт, ки Истиқлол барои кишвари мо марҳилаи тозаи бунёди ҷомеаи навини ба арзишҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона такякунандаро насиб гардидонид.

Баъдан, табрикоти Исмоилзода Зуфар Муртазохон - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Бахтиёр Исматҷонов - Раиси КИҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 31-умин солагрди Истиқлоли миллӣ шунида шуд.

Дар идомаи кори конференсия профессорони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Ваҳҳоб Машраф дар мавзуи “Истиқлол ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон” ва Нуралӣ Нуров дар мавзуи “Истиқлоли сиёсӣ ва равандҳои ташаккули фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки ба шарофати таҳкими истиқлолияти миллӣ нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста боло меравад ва сиёсати маорифпарваронаву фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, ки қисми зиёди аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, шароити мусоид фароҳам овард ва бевосита имрўз низ нақши ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла пешрафту тараққияти кишвари азизамон назаррас арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки истиқлоли давлатӣ ба таҳкими худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб, марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ мусоидат намуд.

Дар интиҳои конференсия ректори донишгоҳ, профессор Аюб Усмонзода зикр намуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар партави сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мунтазам баҳри расидан ба дастовардҳои шоиста ва музаффариятҳои навин талош намуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва беҳтар намудани сифати таҳсилот пайваста саъй меварзанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд