(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар остонаи ҷашни 31 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнат, ашхоси хизматнамуда аз ҷониби муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аёдат карда шуданд.

Давлаталӣ Саид зимни аёдат бо Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Ходими ҷамъиятию сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ҷаҳонгир Ўрунов номаи табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 31 солагии Истиқлоли давлатӣ расонда, аз ҷумла афзуд, ки Дар баробари расидан ба истиқлоли давлатӣ мардуми мо ба и ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад. Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд.

Дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, дар ин ҷода ва пеш аз ҳама, дар роҳи қатъи хунрезӣ нахустин қадамҳо гузошта шуданд. Мо бо майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем. Дар он марҳалаи бисёр мураккаб мо аркони давлати ҷавонамон – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор кардем ва фаъолияти онҳоро барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона сохтем.

Давлаталӣ Саид гуфт, ки имрўз дар кишвари амну маҳбуб зиндагӣ ба сар мебарем. Дар баробари ин, мо бояд корҳои созандаро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – 35 солагии истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъат бахшем, камбудиҳои зиндагиамонро бартараф созем, Ватанамонро обод кунем ва кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон гардад.

Аёдатшудагон, аз ҷумла Биҳоҷал Раҳимова, ки аз соли 1983 то соли 1989 Котиби кумитаи партиявии вилояти Ленинобод оид ба идеология буда, соли 1989 баъди депутати халқии собиқ ИҶШС интихоб шудан ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии ИҶШС оид ба корҳои занон, ҳифзи модарон ва кӯдакон фаъолият дошт. Баъдан дар соли 1990 вайро котиби КМ ПК Тоҷикистон интихоб карданд. Соли 1991 Биҳоҷал Раҳимоваро ба вазифаи хеле масъулиятнок - муовини сарвазири ИҶШС пешбарӣ намуданд. Пасон вай то соли 1992 мудири шӯъбаи барномаҳои иҷтимоии Кумитаи иқтисодии байниҳукуматии Иттифоқи Давлатҳои мустақил(СНГ) ва муовини вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мавсуф аз заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ гардида, шукронаи нозу неъмат ва амну осоиштагии кишварро намуд. Ва барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ миннатдорӣ баён кард.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, генерали мустаъфӣ Ҷаҳонгир Ўрунов низ аз рўзҳои вазнини ба даст овардани истиқлолият ёдоварӣ намуда, ҳифзи он ва ваҳдату муттаҳидии онро шарти асосии бақои Давлату миллат унвон намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд