(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt6 сентябри соли 2022 дар саҳни Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии рақами 1"-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол барои дарёфти мукофоти "Тӯби чармин-2022" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, футболбозони соли таваллудашон 2007-2008 ва 2009-2010 баргузор гардида буданд, ҷамъбаст шуд. Мусобиқа тибқи нақшаи муштараки Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид.

Зимни ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси шаҳр Фирўза Нуруллозода баромад намуд.

Иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорон ҷом, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд