(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар муассисаи таҳсилоти томактабии №37-и шаҳри Хуҷанд чорабинии хушҳолӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии мураббия Рухсора Ҳасанова гузаронида шуд.

Тарбиятгирандагон доир ба Истиқлолият, миллат, Ватан, сарзамин шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб ироа намуданд.

Таъкид шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Худи «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дданд ва зикр шуд, ки ҳамагон бо шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлолият вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд