(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 31 – умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд бо оростани дастархони идона чорабинӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар виляти Суғд Зуфар Исмоилзода, муовини раиси шаҳри шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок намуда, бошандагони марказро бо ҷашни Истиқлолият табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.

Зикр шуд, ки дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 31 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Зеро дар ин давра дастёбӣ ба шинохти асолати таърихии миллат, мақому мартаба ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни башарӣ аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати давлати Тоҷикистон буд, ки ин сиёсати ваҳдатсоз аз бузургдошти таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон ва симоҳои барҷастаи фарҳангӣ оғоз гардида, барои пешрафти корҳои мо дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам овард.

Дар ин рӯз аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои бошандагони марказ дастархони идона ташкил ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Намояндагони аҳли фарҳанги шаҳр бо сурудҳои ватандўстона табъи ҳозиринро болида намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд