(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altCубҳи имруз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандба мнуосибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ярмаркаи мазкур дар ин мавзеъ ҳамарӯза то санаи 9.09.2022 баргузор мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум бо нархҳои дастрас тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан нархи як кило гӯшти гӯсфанд 55 сомонӣ, гов 50 сомонӣ, пиёз 3 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ, биринҷ 8 сомонию 50 дирам, картошка 2 сомонию 50 дирам, як кило шакар 9 сомонию 50 дирам, як кило орд 6 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд. Маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 200 тонна маҳсулотро ба харидорон пешниҳод намуданд.

Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд