(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар партави сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ба мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд лавозимоти хониш, аз қабили албом, дафтару қалам, қоғазҳои ранга, албомҳои гуногун ва ғайра дастрас карда шуд.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят Мўсобек Самизода зимни мулоқот бо хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд аз ҷумла қайд намуд, ки кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд, зери ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо хислати наҷибу нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесарабону камбизоат мебошанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд. Аз ин лиҳоз ба тарбиятгирандагон таъкид карда шуд, ки илм омӯзанд ва ба сухани омӯзгорони хеш гӯш андозанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд