(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3.09.2022 то 9.09. 2022. дар мавзеъи назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд