(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Шифокорони беназир

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи тиб самимона муборакбод намуда, тандурустӣ ва сарбаландию саодатмандӣ таманно дорам.

Мусаллам аст, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо маром рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Пайваста қабул ва амалӣ гардидани барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷўҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳнамоиҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин раванд ба соҳаи тандурустии шаҳр аҳамияти аввалиндараҷа дода, баҳри пешбурди соҳа ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома медиҳад.

Боиси тазаккур аст, ки табибони мо дар навбати худ ҷавобан ба чунин дастгириҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, бо дасти мўъҷизакор, дониши мукаммал, сухани нек ба беморон саломатӣ ва умри дубора мебахшанд.

Рўзи касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи бузург Абўалӣ ибни Сино алоқамандӣ дорад. Умедворем, ки шогирдони ин шахси бузург ҳамарўза дар хизмати халқ омода буда, баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ боз саъю кўшиши бештар мекунанд.

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошт ва хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Аҷдодони донишманди мо ба мисли Абўалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.

Итминони комил дорем, ки табибони муосири мо ворисони арзандаи гузаштагон гардида, осору истеъдоди онҳо дар кишвар ва хориҷи он эътироф мегарданд.

Кормандони соҳаи тибро бори дигар бо иди касбиашон таҳният гуфта, дар кори боифтихору пурмасъулияташон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо хоҳонам.