(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор гардид.

Сармураббии Клуби футболи «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки пеш аз бозӣ мо бо рақобат бо тими «Суғдиёна» хеле ҷиддӣ омодагӣ дидем, рўҳияи бозингарон низ хеле қавист. Ҳарчанд дастаи рақиб яке аз дастаҳои қавии кишвари ҳамсоя аст, вале мо низ дар сатҳи хеле баланд омодаи бозием.

Рустам Хоҷаев иттилоъ дод, ки ба ҳайати даста ду лигионери нав ворид карда шудааст, ки яке аз онҳо аз Федератсияи Русия аст. Сармураббии тими «Хуҷанд» аз тамоми мухлисони футбол даъват ба амал овард, ки бо ҳузури худ дар варзишгоҳ барояшон болу пар шаванд, то ин ки музаффарият ба даст оранд.

Ҳамлагари нави «Хуҷанд» Сергей Тсканян таъкид кард, ки аллакай ба обу ҳавои Тоҷикистон мутобиқ шудааст. Аз мардуми меҳмондўсти тоҷик хеле болида аст, ба даста зуд унс гирифт. Бачаҳо ба бозии фардо омодагии комил доранд. Тренерҳо бозии ҳарифро ҳамарўза бо мо таҳлил менамоянд. Ва албатта ҳама чиз дар бозии фардоина ҳал мешавад.

Сармураббии тими “Суғдиёна”-и Ҷиззах Улуғбек Бақоев гуфт, ки бозӣ бо тими «Хуҷанд» ҳалкунанда аст ва дастпарваронаш набояд ба хатогӣ роҳдиҳанд. Мусаллам аст, ки ғолиби ин бозӣ ба марҳилаи навбатии мусобиқа роҳ меёбад. Командаи мо аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ омодаи бозӣ аст.

Дарвозабони бошгоҳи Ҷиззах Милан Митрович гуфт, ки "Тимро бозии хеле душвор интизор аст, аммо бачаҳо ба ин бозӣ хушбин ҳастанд".

Аз тамоми мухлисони бозии футбол даъват ба амал меорем, ки санаи 17.08.2022 соати 15:00 ба Варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шуда, дастаи номдори «Хуҷанд"-и Тоҷикистонро дар бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 дастгирӣ ва ҳаводорӣ намоянд, то ин ки футболбозони тоҷик дар давраи навбатии мусобиқа роҳ ёбанд.





Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд