(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо ибтикори Раёсати танрустии вилоят Суғд ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят ташкил ва баргузор гардид.

Аз рӯи ҷамбасти натиҷаҳо, дар байни дастаҳои муассисаҳои тандурустии маркази вилоят, дастаи Беморхонаи клиникавии №1 ғолибият ба даст оварда, соҳиби ҷои аввал гардид.

Ҳамчунин дар дораи вохӯриҳо, дар даври вилоятии мусобиқа, санаи 15 август дар варзишгоҳи "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд бозӣ байни дастаҳои Хуҷанд 1 (мунтахаби муассисаҳои вилоятӣ) ва Хуҷанд 2 (мунтахаби муассисаҳои шаҳрӣ) баргузор гадид, ки бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи Хуҷанд 1 анҷом ёфт.

Пас аз анҷоми вохӯрии мазкур дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Сардори раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода ғолибони мусобиқаҳо бо ҷом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Маврид ба ёдоварист, ки табиби шуъбаи ҷарроҳии асаб Маҳмудхӯҷа Маҳмудов ҳамчун "Дарвозабони беҳтарин" ва мудири шуъбаи бемориҳои асаби беморхона Ҳасан Хасан Эрматов ҳамчун "Ҳамлагари беҳтарин"-и мусобиқа эътироф гардида, бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.





Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд