(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр маросими муаррифии мудири тозатаини шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, мутобиқи фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳайё Акмалхӯҷаева аз вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озод гардида, дар мувофиқа бо шаҳрдорӣ Абдураҳмон Шарипов ба маснади мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Бояд қайд намуд, ки Абдураҳмон Шарипов соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, факултети математикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омўзгори фанни математикаи МТМУ №29 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, сипас дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст.

Солҳои 2018-2020 директори МТМУ №17 ва соли 2020 то таъин шуданаш ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шахри Хуҷанд сарварии МТМУ №5 –и шаҳри Хуҷандро ба зимма дошт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд