(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ калиди манзилҳои нави истиқоматиро тақдим намуданд. Маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат 45 нафар дар ин бинои хуштарҳу зебо соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд ва аз ин ташаббуси инсондӯстона ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.