(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Таҳкими тарзи ҳаёти солим

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд варзишгарон, собиқадорон ва мураббиёни варзиш, мухлисон ва дўстдорони соҳаро бо Рўзи варзишгарон муборакбод намуда, тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно мекунам.

Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ соҳаи варзиш дар маркази таваҷҷўҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуд. Тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омода гардидани варзишгарони касбӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Дар робита ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат тадбирҳои саривақтӣ андешида, баҳри рушди соҳаи варзиш ва тандурустии ояндасозони миллатамон заминаҳои мусоид эҷод намояд.

Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд зиёда аз 310 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин, сохта ба истифода дода шудани толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бомаром идома доранд.

Зикр бояд намуд, ки варзишгарони шаҳр дар чемпионату мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, Осиё ва чорабиниҳои мухталифи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Итминон дорам, ки минбаъд низ варзишгарони мо ба музаффариятҳои нав ба нави варзишӣ соҳиб гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ партавафшон менамоянд.

Ҳамеша солиму бардам бошед, варзишгарони номвари мо!