(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altТибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучнд дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагон ва волидайни муассиса ярмарка-фурўши либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти тайёри либоси мактабӣ ва варзишии сехҳои дўзандагии «Раҳимӣ» ва “Амирӣ” ба мактабиён ва волидайнашон пешниҳод карда шуд, ки дар баробари сифати хуб доштан, нархҳояш низ дастрас буд. Ин ширкатҳои ватанӣ тибқи шартнома ба гимназияи №4-и шаҳр 3150 адад либосҳои мактабӣ ва варзишӣ дўхта медиҳанд.

Тавре, ки зикр шуд, ки ҳамасола аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ба хонандагони ятиму камбизоати муассиса сару либоси мактабӣ ройгон тақдим карда мешавад. Имсол интизор меравад, ки то 100 нафар хонандагони гимназияи №4 аз чунин имтиёзот бархурдор гарданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд