(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар соси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони англисӣ ба шаҳри Лондони кишвари Британияи Кабир сафарбар карда шуданд. Хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд субҳи имрӯз ба шаҳри Тошканд роҳсипор гардида, аз фурудгоҳи шаҳри Тошканд бо парвози хатсайри Тошканд - Лондон ба кишвари Британияи Кабир сафар мекунанд.

Тибқи иттилоъи Сурайёхон Неъматзода - директори муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ин 11 нафар хонандагони Литсей: Баҳромзода Муҳаммадхон Фирдавс, Қобилов Исфандиёр, Нарзуллоев Шукрулло, Мирфаёз Беҳрӯз, Искандаров Искандархоҷа, Шодмонов Шерозхуҷа, Аҳророва Ясмина, Ҳайдарзода Рамазон, Ҷабборова Дилбарҷон, Абдуллоева Фирӯза ва Мирзохоҷаев Бузрукхоҷа, ки дар 2 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал - майи соли ҷорӣ тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ғолиб омада ба даври Гранд-финали ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ, роҳхат ба даст оварданд.

Дар даври финалии олимпиадаи ҷахонии "TEENEAGLE" аз фанни забони англисӣ иштироки хонандагон аз 30 кишвари дунё дар назар аст. Олимпиадаи мазкур аз 31 июл то 7 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Лондони кишвари Британияи Кабир дар Донишгоҳи Брунел баргузор гардида, инчунин иштирокчиёни Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз макону мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Британияи Кабир дидан мекунанд.

Олимпиадаи ҷаҳонии "TEENEAGLE" аз фанни забони англисӣ байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9 -12 аз рӯи 5 бахш гузаронида мешавад ва хонандагони болаёқати Литсей дар ҳарду категория ва бахшҳои олимпиада иштирок хоҳанд намуд. Роҳбари дастаро дар олимпиадаи мазкур муовини директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҳаракати олимпӣ Суруш Хоҷаев ба уҳда дорад.

Дар соли хониши 2021-2022 хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар 4 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ: Анталияи кишвари Туркия, Хюстони кишвари Амрико, Франкфурти кишвари Олмон ва Лондони кишвари Британияи Кабир сафарбар карда шуда, инчунин дар 13 олимпиадаи ҷаҳонӣ тариқи фосилавӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ дар 17 олимпиадаи ҷаҳонӣ 415 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ инчунин 3 ҷоми даставиро ба даст овардаанд.

Умедворем хонандагони болаёқати тоҷик дар ин олимпиада низ кишвари Точикистонро шоиста муаррифӣ намуда, бо дастовардҳои шоиста ба Ватан бармегарданд.

Лозим ва ёдоварист, ки яке аз шартҳои асосӣ ва афзалиятноки иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ ин маҳз донистани забонҳои хориҷӣ махсусан забони англисӣ ба ҳисоб меравад, чун омӯзиши тамоми фанҳо дар муассисаи мазкур бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст, имконияти ғолибияти хонандагони ин боргоҳи таълимиро дар чунин сабқатҳои ҷаҳонӣ бештар менамояд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта 6 нафар хонандагони Литсейи мазкур баъди иштирок дар олимпиадаи байналмиллалии фаннӣ аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ таҳти унвони "ISTEM-GRAND FINAL 2022", ки дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон ва Парижи Фаронса баргузор гардид, ба шаҳри Хуҷанд 12 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ оварданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд