(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар шаҳри Хуҷанд ба 6082,0 ҳазор доллари амрикоӣ баробар гардида, аз он 802,5 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ, 1178,0 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи мустақим ва 4102,0 ҳазор доллари амрикоиро сармояи дохилӣ ташкил додааст.

Ҷалби сармояи хориҷӣ асосан барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ равона шуда, сармояи мустақим барои истехсоли молу маҳсулот, беҳтар намудани хизматрасонӣ дар соҳаи бонкӣ ва сармояи дохилӣ барои бунёду ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин манзилию иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва нерўи инсонии минтақа 17 адад пешниҳодҳои инвеститсионӣ ба маблағи умумии 385,6 млн. доллари амрикоӣ мавриди омодасозӣ қарор гирифта, барои рушди соҳаҳои дигари афзалиятнок низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда пешниҳодҳои инвеститсионӣ барои манзур намудан ба сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва институтҳои молиявӣ омода карда мешавад.

Баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои саноатикунонии басуръат ва доир ба кор андохтани иқтидорҳои аз кор мондаву бекорхобидаи корхонаҳои шаҳр бо 28 муассисон, роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр доир ба ҷалби сармояи мустақим ва ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ҳамкориҳои мутақобила ба роҳ монда шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд