(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд санаи 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ: математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуданд.

Тибқи иттилоъи Сурайёхон Неъматзода - директори муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ин 6 нафар хонандагони Литсей Мамадҷонов Меҳроҷ, Маъсумова Фарина, Хасанов Сафархон, Саидахматзода Салимбек, Аҳророва Ясминахон ва Негматуллоев Акмалҷон, ки ҳамагӣ хонандаи синфи 9 мебошанд дар 3 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал - июни соли ҷорӣ баргузор гардид, ғолиб омада ба даври финалии ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ роҳхат ба даст оварданд. Дар 3 даври ин олимпиадаи фаннӣ аз Тоҷикистон танҳо хонандагони ин Литсей роҳхат ба даст оварда, Тоҷикистонро дар ин сабқати зеҳнӣ муаррифӣ хоҳанд намуд.

Дар даври финалии олимпиадаи ҷахонии ISTEM -2022 аз фанни математика ва технологияи иттилоотӣ наздик 8 ҳазор хонанда аз 93 кишвари дунё иштирок хоҳанд намуд.

Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 19-24 июл дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор гардида, инчунин иштирокчиёни Олимпиадаи ҷаҳонӣ санаи 25-27 июл дар Форуми математикони ҷавони ҷаҳон, ки дар шаҳри Парижи кишвари Фаронса баргузор мегардад, ширкат хоҳанд намуд.

Олимпиадаи ҷаҳонии iSTEM - 2022 байни синфҳои 3-11 гузаронида мешавад ва хонандагони Литсей дар категорияи 3 (хонандагони синфҳои болоӣ)дар ин олимпиада иштирок хоҳанд намуд. Роҳбари дастаро дар олимпиадаи мазкур муовини директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҳаракати олимпӣ Суруш Хоҷаев ба уҳда дорад.

Дар соли хониши 2021-2022 хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар 3 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ Анталияи кишвари Туркия, Хюстони кишвари Амрико ва Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуда, инчунин дар 13 олимпиадаи ҷаҳонӣ тариқи фосилавӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ дар 16 олимпиада 403 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ва 3 ҷоми даставиро ба даст овардаанд. Умедворем хонандагони болаёқати тоҷик дар ин олимпиада низ кишвари Точикистонро шоиста муаррифӣ намуда, бо дастовард бармегарданд.

Лозим ва ёдоварист, ки яке аз шартҳои асосӣ ва афзалиятноки иштироки хонандагон дар озмунҳои байналмиллалӣ ин маҳз донистани забонҳои хориҷӣ махсусан забони англисӣ ҳаст, зеро масъала ва шартҳои тамоми озмунҳои байналмиллалӣ бо ин забон сурат мегирад. Аз ин лиҳоз пурра бо забони англисӣ ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои дақиқ аз ҷумла физика, химия, математика, биология, геометрия, табиатшиносӣ, ҷуғрофия дар ин Литсей имкон медиҳад, ки хонандагон бе мушкилот дар чунин озмунҳои сатҳи ҷаҳони иштирок намуда, шарафи кишвари азизамон Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардоранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд