(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

altБо мақсади амалӣ намудани Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар тамоми ширхоргоҳ-кўдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ бо номи “Шоҳи обӣ” ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Ду гуруҳи тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №35 ба номи 30 солагии Истиқлол бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳарду дастаҳо аз 6 нафар кўдак иборат буда, бо ҳам аз рўйи 5 шарт дар рақобат шуданд.

Мусобиқаро мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхўҷаева ва маъмурияти кўдакистон мушоҳида намуда, ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар кӯдакистони навбунёди ба номи "30 солагии Истиқлол" 14 адад айвонча, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд