(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 590 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони зиёда аз 98 адад иншооти таъиноташон гуногун бомаром идома дорад.Ҳамзамон дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 57 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст. Таъмин намудани риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳр ба назар гирифта шудааст.

Дар доираи бунёдкорӣ ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда, аз ҳамаи сарчашмаҳо 139,5 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 203,9 фоизро ташкил дода, ба ҳар як сари аҳолӣ 702,0 сомонӣ рост меояд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳр бо амри раиси шаҳр аз 22 августи соли 2011, №168 комиссияи доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бобати амалигардонии нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо фаъолияти шаҳрсозӣ дуруст ба роҳ монда шуда, лоиҳаҳои таҳияшаванда, шаҳодатномаи рангуборкунии намои бинову иншоот, шаклҳои хурди меъморӣ ва рекламаҳои берунӣ тибқи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда, мувофиқа карда шуда, амалигардонии онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шудааст. Бо дастрасии хулосаҳо ва шартҳои техникии идораҳои дахлдор масъалаи иҷозати оғози сохтмон дар асоси талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади босифат иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дар бунёди бинову иншоот дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони кумита дар вилояти Суғд пурзўр карда шудааст.

Дар асоси нақшаи генералӣ аз ҷониби ҶДММ “Суғдшаҳрофар” дар шаҳри Хуҷанд нақшаҳои муфассали маҳаллаҳои 1-2, 26, 27, 28-29, 30 ва аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” дар шаҳри Душанбе нақшаи муфассали хиёбони Исмоили Сомонӣ, кўчаҳои Рифъат Ҳоҷиев, Гагарин, ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони соҳа нақшаҳои муфассали маҳаллаҳои 4-5, 14-15 таҳия шуда, дар ин маҳаллаҳо сохтмони бино ва иншоотҳо ба таври комплексӣ амалӣ мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд