(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз таҳти ин унвон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзеи таърихии майдони Регистони бозори "Панчшанбе" ҳамоиши шаҳрӣ доир гардид.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ ва Стратегияҳо қабул гардидааст.

Чорабинии мазкур низ ҷиҳати татбиқи нақшаи амалӣ "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", ки як бахши он ба "Занон ва тандурустӣ" бахшида шудааст, бо ибтикори шӯъбаи кор бо занон ва оила бо иштироки намояндагони муассисаҳои тиббии шаҳру вилоят сурат гирифт.

Дар аксия кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва шаҳр, Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма» ва ғайраҳо фаъолона иштирок намуда, бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии чорабинӣ ин пешгирии паҳншавии сироятёбии бемории ВНМО/БПНМ, бемории сил, солимии репродуктивӣ, риояи гигиенӣ шахсӣ, тарғиби тарзи ҳаёт солим байни аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд