(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ 25–умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд.

Боиси таъкид аст, ки имсол аз санаи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки асоси суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамонро поягузорӣ намуд, чаҳоряк аср сипарӣ гардид. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардид.

Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем».

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело рамзӣ мебошад, зеро Иҷлосияи тақдирсози миллат ҳамчун руйдоди сарнавиштсоз натанҳо ба хотима ёфтани мухолифатҳои мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, балки ба таъмин гардидани сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.

Таъкид шуд, ки дар амал татбиқ гардидани қарорҳои ин иҷлосияи воқеан таърихӣ имкон фароҳам овард, ки дар кишвари азизамон сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ва ризоияти миллӣ пойдор гардида, рукнҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барқарор шаванд. Ҳаёт низ собит месозад, ки дар амал татбиқ гардидани ҳама гуна орзую омол ва нақшаву ниятҳои нек, аз ҷумла рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, дар шароити торафт печида гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯз муҳимтарин вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Сипас барномаи фарҳангии тараннумгари сулҳу Ваҳдат ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд