(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пўлотов», ки аввалин муассисаи ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар тули 25 сол ин муассисаи таълимиро зиёдa aз 600 нафар толибилмон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва хориҷи кишвар кору фаъолият мебаранд.

Ҳоло як қатор хатмкунандагон ба ғайр аз Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин, дар Узбекистон, Казоқистон, Федератсияи Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Қазон, Уфа, Екатеринбург, Ярослав) ва Ҷумҳурии Беларус таҳсил ва фаъолият бурда истодаанд. Соли тахсили сипаришуда муассисаи талимиро 37 нафар толибилмон хатм намуда, ба донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар дохил шуда, унвони донишҷўйро сарфароз гардиданд.

Гузаронидани дарсҳои ғайристандартӣ, муштарак ва ҳамгиро дар мактаб ба ҳукми анъана даромадааст, ки натиҷаи хуб медиҳанд.

Дар муассисаи таълимӣ баъди ҷамъбасти ҳар чаҳоряк ҳисоботҳои фаннии хонандагон аз фанҳои мухталиф гузаронида мешавад, ки натиҷаҳои назаррас доранд.

Tолибилмони беҳтарини мактаб ҳар сол дар Олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Соли таҳисли сипаришуда, дар Олимпиадаи шаҳрӣ 27-нафар хонандагон, дар Олимпидаи вилоятӣ 11 нафар, дар Олимпидаи ҷумҳуриявӣ 7 нафар, дар сессияи Академияи хурди илмҳои ҷумҳуриявӣ се нафар толибилмон арзандаи ҷойҳои намоён гадиданд, ки ифтихори таълимгоҳанд. Дар Олимпиадаҳои байналмилалии Кенгуру, Архимед, Hippo, IMEC, 57 нафар шогирдони мо ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки хонандаи синфи 10-ум Бузурукова Меҳронахон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат” иштирок намуда, аз руи номинатсияи география сазовори ҷойи якум ва бо маблағи 1000 сомонӣ мукофотонида шуд. Инчунин, хонандаи синфи 10-ум Абдуллоева Манижа дар озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзида, арзандаи ҷойи сеюм ва бо маблағи 500 сомонӣ мукофотонида шудааст.

Дар Олимпиадаи байналмиллалии FISO низ 2 нафар сазовори ҷойи якум, 3 нафар сазовори ҷойи дуюм, 8 нафар сазовори ҷойи сеюм ва 10 нафар соҳиби сертификат гаштанд. Ғолибон бо медали ифтихорӣ ва ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 низ дар Олимпиадаи шаҳрӣ 30 нафар толибилмон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба Олимпиадаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд ва дар даври ҷумҳуриявӣ аз 27 нафар иштирокчиён 15 нафар хонандагон созовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Дар Сессияи Академияи хурди илмҳои ҷумҳуриявӣ 6 нафар хонандагони муассиса Шаидов М. (синфи 9 “Б”), Рофиев М. (синфи 10), Абдуллоева М. (синфи 10), Рустамзода А. (синфи 10), Шавкатзода А. (синфи 10), Насимов А. (синфи 11), соҳиби ҷойҳои ифтихории 1-ум ва 2 нафар узви вобастаи АХИ гардиданд. Дар Олимпиадаҳои байналмилалии Кенгуру, IMEC 15 нафар шогирдони мо ҷойхои ифтихориро соҳиб шуданд. Соли ҷорӣ хонандаи синфи 10-ум Бузурукова Меҳронахон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат” иштирок намуда, аз руи номинатсияи география сазовори ҷойи I ва Шарифов Искандар хонандаи синфи 11 “Б” аз рўи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” сазовори ҷойи III -юм гашт. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандаи синфи 10 созовори ҷойи III -юм гашт. Хонандаи синфи 10 Содиқова Онаҷон Гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва хонандаи синфи 10 Бузурукова Меҳрона Гирандаи стипендияи Президентӣ гардиданд.

Мактаб пурра компютерикунонида шуда, солҳои дароз бa шабакаи Интернет пайваст мебошад, ҳамаи синфхонаҳо вобаста ба фанҳои мухталиф ҷиҳозонида шудаанд.

Баҳри инкишофи нутқи толибилмон, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо муассисаи таълимӣ бо Асотсиатсияи Тоҷикистон оид ба мубодилаи донишҷуён барои таҷрибаомўзии техникӣ (АТМДТТ) ҳамкорӣ дорад, ки хатмкунандагони мактаб имконияти таҷрибаомўзиро дар хориҷи кишвар доранд.

Соли 2012 баҳри фароҳам овардани шароит барои толибилмон, бинои нави комплекси иҷтимоӣ бо ошхона, синфхона, китобхона вa толори варзишии барҳавою замонавӣ бо ҳамаи таҷҳизотҳои зарурӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бинои таълимии муассиса бо масоҳати 2980 метри мураббаъ бунёд шуда, дорои 26 синфхонаҳои замонавии фаннӣ, 25 кабинети фаннӣ: кабинети математика, алгебра , геометрия , забони русӣ , забони тоҷикӣ, забони давлатӣ, забон ва адабиёти тоҷик , забони англисӣ (2каб.), таърихи халқи тоҷик, география, расму накшакашӣ , биология , химия , адабиёти тоҷик , асосҳои давлат ва ҳуқуқ , таърихи умумӣ , асосҳои иқтисобиёт , ОИҲ, адабиёти рус, шоҳмот, кабинети технологиии духтарона, кабинети технологиии писарона, технологияи иттилоотӣ бо тамоми таҷҳизотҳои таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд. Аз он ҷумла муассиса дорои 2 озмоишгоҳҳои фанни химия ва физика бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, 1 кабинет барои омўзиши шоҳмот баҳри баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, 1 китобхона-қироатхона дорои зиёда аз 70 ҷойи нишаст ва китобхонаи электронӣ, 1 толори маҷлисгоҳ, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, 1 толори варзишӣ-гимнастикӣ, 1 майдони варзишӣ, 1 майдончаи омодагии ибтидои ҳарбӣ, 1 ҳуҷраи тиббӣ ва дандонпизишкӣ, 1 буғхона ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар бинои мазкур синфҳои 5-11 таълим мегиранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд