(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Тибқи нақша-чорабинии шуъбаи маориф ва Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳадафи пешгирӣ аз сӯтор, баланд бардоштани фарҳанги истифодабарии таҷҳизоти барқӣ, амалкард ҳангоми сар задани сӯхтор дар муасссисаҳо чорабиниҳо тарғиботиву ташфиқотӣ ва пешгирикунанда гузаронида шуда истодааст.

Байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии томактабии №22 ва муассисаи таълимии томактабии №27 чунин чорабинии профилактикию оташнишонии комплекси озмуни "Калидчаи заррин" баргузор гардид.

Тарбиятгирандагон тарзи дурусти пешгирӣ аз сӯхторро амал нишон доданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ин дар амал татбиқ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии сӯхтор дар ҳама гуна ҳолатҳо мебошад.

Бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид баҳри фароғату истироҳати кӯдакон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ бардамгардонӣ, обутобдиҳии бадани кӯдакон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ҳамаи муассисаҳои томактабӣ ба реҷаи мавсими солимгардонии тобистона гузаронида шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд