(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt 22 июн дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 26 намуди варзиш ва дар се марҳила, марҳилаи якум моҳи апрел байни маҳаллаву деҳа, марҳилаи дуюм моҳи май байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо ва марҳилаи сеюм аз санаи 20 май оғоз гардида, то имрӯз идома ёфт.

Раиси вилоят зимни суханронӣ таъкид кард, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам орад.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарори зикргардида ба шумор мераванд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати рушду инкишофи намудҳои гуногуни варзиш дар вилоят, таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, дарёфти варзишгарони наврасу умедбахш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, табодули тарҷиба байни варзишгарон ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ соли 3-юм аст, ки дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят баргузор гардида истодааст. Давоми соли 2019 мусобиқаи мазкур аз рӯи 15 намуди варзиш, соли 2021 аз рӯи 22 намуди варзиш ва соли 2022 аз рӯи 26 намуди варзиш гузаронида шуда, барои ҳавасмандсозии варзишгарон маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст.

Дар мусобиқаҳои имсола, ки ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд, варзишгарон аз Беларусу Россия низ ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ аз рӯи нишондодҳои ба дастовардаи дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо гирифтани 10 медали тилло, 14 медали нуқра, 23 медали биринҷӣ ҷойи сеюм насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо гирифтани 20 медали тилло, 19 медали нуқра, 30 медали биринҷӣ ҷойи дуюм насиби дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо гирифтани 55 медали тилло, 67 медали нуқра, 98 медали биринҷӣ ҷойи якум насиби дастаи шаҳри Хуҷанд гардид ва ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплому туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд