(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Нақши Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ дар рушди соҳаи тиб" бо иштироки васеи меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.

Меҳмонон нахуст, ки аз намоиши дастовардҳои коллеҷ, асарҳои илмӣ ки дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд боздид намуда, аз ҳуҷраи кории Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ шиносоӣ пайдо карданд.

Конфронсро директори муассиса номзади илмҳои тиб Алимат Мавлонзода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти Юсуф Исҳоқӣ маърӯза намуд. Дар идома якчанд нафар меҳмонон аз ҷумла, д.и.т., профессор Тавфиқхон Қодирӣ, духтури дараҷаи олӣ, оториноларинголог Аброрхон Порсоев, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон додари Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ-Мубашшир Баширхонович Исҳоқӣ ва чанде аз пайвандони шодравон ба сухан баромада оиди фаъолияти пурсамар ва саҳми беназири Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки дар фосилаи умри бобаракати хеш Юсуфхон Исҳоқӣ зиёда аз 300 асарҳои илмӣ, мақолаҳо, ихтироъҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеъи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон шаҳодат медиҳад. Ӯ муаллифи шумораи зиёди таълифоти илмӣ, аз он ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методӣ мебошад, ки то имрӯз шогирдон аз ин маводҳо васеъ истифода мебаранд.

Ба конфронс бо ёдоварӣ аз хидматҳои дигари Юсуфхон Исҳоқӣ дар рушди илми тиб ҳусни анҷом бахшида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд