(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҳаллаи “Мевағул”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки аҳли сокинони хонаи 5-и микроноҳияи 18-ум майдончаи нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишии навбунёд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Фрайдин Шамсов тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, дарозӣ ва паҳноии майдонча 50 ба 20 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ин ҳудуд майдонча барои бозии тенис, бозиҳои гуногуни варзишӣ, истироҳатию фароғатӣ, солимгардонӣ, тавонбахшӣ дастгоҳҳо насб карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва иқдоми нақибу созандаи соҳибкори ватанӣ Фрайдин Шамсов баҳои баланд дода, масъулини соҳаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни мулоқот бо ањли мањалла, аз љумла наврасону ҷавонон гуфт, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастгирии Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, аз насли ояндасози кишвар даъват ба амал овард, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар шаҳр рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Шаҳрдор гуфт, ки соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дода шудааст. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

Сипас Фирдавс Шарифзода ба бозии дўстонаи тими наврасон ҳусни оғоз бахшид.

Аз иқдоми соҳибкори ватанӣ Фрайдин Шамсов ба кулли наврасону ҷавонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд