(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақшаи муштараки Шӯрои шаҳрӣ ва вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳайати таблиғотӣ таҳти шиори “Тоҷикистон кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро” ба муносибати 25 -умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ аз қисми низомии комендатураи ҳарбии вилояти Суғд воқеъ дар маҳаллаи “Сайҳун”-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд. Ҳамасола дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ захираҳои сафарбарӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ, маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки ин ҳама албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ таъсири хуб мерасонанд.

Зикр гардид, ки мо бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ бо вазъи зиндагонӣ, хўрду хўрок, хизмати наваскарон аз наздик шинос шуда, аз шароити муҳайёнамуда қаноатманд гардиданд. Дар мизи аскарӣ нишастӣ хўроки эшонро низ чашиданд.

Ба аскарон нону шириниҳои пухтаи бонувони Хуҷандшаҳр тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд