(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид.

Тибқи низомнома, озмун аз рӯи номинаҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ дар се давр сурат гирифта, дар он нафарони аз 12 то 40-сола иштирок менамоянд.

Ҳадафи озмуни мазкур- дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани фаъолияти фарҳангии ҷавонон, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд мебошад.

Таъкид шуд, ки баргузории мазкур ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидани беҳтарин оҳангу ҳунари сарояндагӣ, навозандагӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд