(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд байни тарбиятгирандагони кўдакистонҳои шаҳр мусобиқаи варзишии «Офарин» ҷараён дорад.

Ин навбат байни тарбиятгирандагони МТТ №14 ва МТТ№18 мусобиқаи варзишӣ хеле ҷолиб гузаронида шуд. Кўдак бо маҳорати хуб тамоми шартҳои мусобиқаро иҷро намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар амал татбиқ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва обутобдиҳии бадани кўдакон ва Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 мебошад.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ташкили шароити мусоид барои фароғату истироҳати кўдакон дар муассисаҳои таълиии томактабӣ, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногун, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кўдакон дар тамоми муасссисаҳои томактабӣ ба реҷаи мависмии солимгардонӣ гузаронида шудааст.

Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхўҷаева ва маъмурияти кўдакистонҳои номбурда мушоҳида ва арзёбӣ карданд. Мусобиқа мусовӣ анҷом ёфт.

Ба иштирокдорони мусобиқа сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд