(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҚарори Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Хуҷанд дар соли 2022» ба имзо расид, ки тибқи он дар давраи таътил дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ лагерҳои рӯзонаи солимгардонӣ ташкил карда мешаванд.

Бо ташкили ҳайати ситоди шаҳрии «Тобистон 2022» шахсони мутасаддӣ муваззаф карада шудаанд, ки истироҳат, фароғат, анвои хӯрока, макони оббозӣ, бозӣ ва гузаронидани чорабиниҳои наврасон муҳайё карда шавад.

Ба масъулини соҳаи маориф дастур дода шудааст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити хубу созгор барои гузаронидани истироҳату фароғат, таҳкими риштаҳои дӯстӣ байни хонандагон, ташкили маҳфили эҷодӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд