(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба муассисаи “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” ташриф оварда, кўдаконро бо идашон таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар чорабинии идона зимни баромади худ таъкид намуд, ки Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад ва ба ин муносибат тадбиру чорабиниҳои ҷолиб дар қаламрави шаҳр доир мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавиро вазифаи асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн меҳисобанд.

Зикр шуд, ки дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кўдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон изҳор медоранд, ки ягон кўдаки ятиму бепарастор ва маъюб бе таваҷҷўҳ нест. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад. Воқеан, кўдакони шаҳри Хуҷанд низ бо меҳру муҳаббат фаро гирифта шудаанд ва аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Дар соли таърихӣ – 25-солагии ба имзо расидани истиқрори сулҳ дар кишвар ва эълон шудани рўзи 27-уми июн – Рўзи ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо тадбир бар манфиату тарбияи неки кўдакон доир хоҳанд гашт.

Сипас ба тамоми тарбиятгирандагони “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Аҳли фарҳанги шаҳр бо сурудҳои ҷолиб дар барномаи фарҳангии муассиса иштирок намуда, табъи ҳозиринро болида намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд