(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон санаи 31.05.2022 дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Маркази дастгирии оила ва кўдак, комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босириашон суст ва нобинои шаҳр, муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кўдакистони №26-и кўдакони имконияташон маҳдуд ва ношунавои шаҳр, мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кўдакон”-и шаҳри Хуҷанд аёдат ва чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои номбурда бо ҳузури намояндагони сарпарастҳои муайяншуда чорабиниҳои идона баргузор ва бошандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин санаи 1.06.2022 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон чорабинии калони идонаи фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд