(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи рӯзи 30 май маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кохи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Дар назди кохи Президент парчамҳои давлатии ҳарду кишвар афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд.
Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ гузашт карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби парчами давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба ҷо оварданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ҳарду давлат шинос шуданд.