(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои машғулият ба футбол ва талаботи байналмилалӣ, мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷўёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ роҳандозӣ гардида буд ва имрўз бозиии ниҳоӣ байни дастаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва тими Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар Хуҷанд дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳр сурат гирифт.

Бозии футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд шавқовар сурат гириф, тимҳо баробарқувва буданд. Дар қисмати аввали бозӣ аз ҷониби футболбози тими ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сангинов ҳисоб кушода шуд.

Ҳамин тавр то охири бозӣ ҳисоб тағйир наёфт ва ғолиият насиби ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ғолиб Ҷоми мусобиқаро тақдим намуд. Ба бехтарин бозингарон ва доварон низ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Таъкид шуд, ки воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд