(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори хурди Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки 100 нафар донишҷӯёну хонандагон ва варзишгарон маросими супоридани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барандагони стипендияҳои Раиси шаҳрро табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар давраи ҷаҳонишавии босуръат масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасози давлату миллат ва ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Воқеан ҳам, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон нерўи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ба ҳамин хотир Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерўи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишварамон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Шаҳрдор гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ таҳти роҳнамоиҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон ҷиҳати ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрўз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақши муассири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад. Боварии комил дорем, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандўсти кишвар ҷавонони мо чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишвари пешрафта ва мардумаш соҳибсаодат мерасонанд. Аз ин хотир эътибори ҳамаҷониба ва диққату таваҷҷўҳи ҳамарўза ба зиндагӣ, кору таҳсили ҷавонон фаъолияти асосии рўзгори аҳли ҷомеаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, ки дар давоми соли хониши 2021-2022 дар таҳсил ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии шаҳр фаъолона ширкат варзиданд, сарфароз намудани онҳо бо стипендияи Раиси шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки аз имконияти мусоид истифода намуда, таъкид менамоям, ки: Шумоён ҷавонони фаъол - барандагони стипендияи Раиси шаҳр барои чунин ғамхориву пуштибонӣ, барои пешрафти Тоҷикистони азиз, барои тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш кўшиш ба харҷ диҳед. Ба омўхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шуда, таърихи халқи худро азбар менамоед, Ватанро аз ҷон дўсттар, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром ва ба боварию эътимоди Сарвари давлатамон ҳамеша сазовор мешавед! Ба дастовардҳои назаррас ноил гардидани хонандагону донишҷўёни шаҳр бори дигар эътимоду боварии моро ба нерўи ақлонии ҷавонони шаҳр бовар мекунонад. Ширкати донишҷўён дар озмунҳои фаннию корҳои илмӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он, иштироки хонандагони ҷавон дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва олимпиадаҳои ватаниву хориҷӣ, афзудани дифои рисолаҳои илмӣ аз ҳисоби олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз дастовардҳои ҷавонони ояндасози мо шаҳодат медиҳад.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр изҳори умедворӣ намуд, ки дар замони тараққиёти босуръати илму техника ва азхудкунии технологияи муосир, ба омўхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати воло ва эҳсоси баланди ватандўстию меҳанпарастӣ дар пешрафти ҳама соҳаҳои кишвари соҳибистиқлоламон саҳми боз ҳам арзишманд мегузоред.

Сипас ба 100 нафар донишҷўёну хонандагон ва варзишгарони пешқадам стипендияҳои Раиси шаҳри Хуҷанд дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд