(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

ҚУВВАИ БУЗУРГИ ҶОМЕА

Ҷавонони бошарафи диёри соҳибистиқлол!

Шуморо ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод менамоям.

Итминон дорам, ки шумо бо эҳсоси гарми ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, донишу малакаи муосир, забондонӣ ва хислатҳои ҳамида ояндаи Тоҷикистонро ба ҷомеаи башар ба таври шоиста муаррифӣ менамоед.

Мусаллам аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷўҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шуда, татбиқи як қатор барномаҳои дигар идома дорад.

Ин санадҳо риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба боло рафтани мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомўзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо мусоидат мекунанд.

Воқеан, ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд.

Имрўз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, то онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омўзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.

Бори дигар, ҳамаи шуморо ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон осмони соф, хонаи обод, саодати рўзгор ва дар кору пайкори садоқатмандонаатон ба хотири рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон пирўзиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва хонаобод бошед, ҷавонони азиз!