(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кафедраи иқтисодиёти рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон, магистрантон, докторантон ва донишҷӯёни соҳибистедод маросими кушодашавии расмии Озмоишгоҳи “Иқтисодиёти рақамӣ” доир гардид.

Озмоишгоҳи мазкур дар доираи роҳандозии лоиҳаҳои донишкада бо шарикони рушд ташкил карда шуда, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда гардидааст. Таъкид шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба масъулини дахлдор ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат ва қабулу татбиқи “Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ”-ро дастур супориш доданд. Дар ин раванд дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳамммад Осимӣ бо азму талошҳои бевоситаи директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ дар ҷумҳурӣ якумин шуда, ихтисоси “Зеҳни сунъӣ”-ро дар сатҳи бакалавриат ва магистратура ҷорӣ карда шуд. Озмоишгоҳи зерин барои гузаронидани фанҳое, ки ба раванди зеҳни сунъӣ лозим мебошанд, муносиб мебошад. Бояд таъкид намуд, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишкада баробари ин озмоишгоҳ, дар кафедра соли ҷорӣ се озмоишгоҳҳои дигар, аз ҷумла озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ, низомҳои иттилоотӣ ва барномарезӣ бо 45 адад компютерҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуданд. Дар чорабинии мазкур менеҷери лоиҳа, доктори фалсафа Аҳлиддин Низомиддинов оид ба мақсад, фаъолият ва натиҷаҳои лоиҳа ба самъи ҳозирин пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳа ин татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар ҷараёни таълими ихтисосҳои кафедраҳои иқтисоди рақамӣ, иқтисодиёт, молия ва қарз мебошад ва барои рушди устувори иқтисодиёт дар Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар доираи лоиҳа бозсозии барномаҳои таълимии ҷорӣ бо татбиқи барномаҳои таълимии бисёрсоҳавӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои таълими фарогирӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, ҷалб намудани натиҷагирандагон ба ҷараёни таълим пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов, профессори кафедра, номзади илмҳои физика ва математика Хуршед Мақсудов, декани факултет, номзади илмҳои техникӣ, Илёсхӯҷа Исломов ширкат намуда, фикру ақидаҳои худро оид ба озмоишгоҳи “Иқтисодиёти рақамӣ”иброз намуданд. Таъкид гардид, ки кушодашавии чунин озмоишгоҳ барои омӯзонидани раванди рақамикунонии иқтисод, автоматикунонии равандҳо, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ ба донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд